Айём Хабиров дар риштаи самбои размӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Паҳлавони тоҷики муқими Русия Айём Хабиров дар вазни 57 кило дар риштаи самбои размӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Айём Хабиров дар Қаҳрамонии XXV-уми ҷаҳон дар риштаи самбои размӣ дар вазни 57 кило қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Дар ин бора журналист Хилватшоҳ Хоҷаев дар саҳифааш дар фейсбук хабар додааст.

"Боз ҳам як хушхабар! Боз ҳам як Қаҳрамон!
Боз ҳам Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои размӣ ва боз ҳам зери парчами Тоҷикистон!
Муборак бошад!", - навиштааст Хилватшоҳ.

Айём Хабиров, тоҷикписари паҳлавон, ки дар Русия ба сар мебарад, дар Қаҳрамонии XXV-уми ҷаҳон (шаҳри Твери ФР, самбои размӣ) дар вазни 57 кило ширкат карда, унвони Қаҳрамони ҷаҳон ва медали тиллоро ба даст овард.

Турнир по самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии таърихӣ: Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони ҷаҳон шуд

Ин варзишгари ҷавон таҳти роҳбарии мураббӣ ва варзишгари шинохта, Рустам Одинаве дар толорҳои варзишии Маскав, Балашиха ва Твер тамрин мекунад.

Рустам ҳам аз табори варзишкорони маъруф - Эргаш Махмадбеков ва Фотех Махмадбеков аст.

Чигуна Сомон Маҳмадбеков Георгий Элбакиевро шикасту қаҳрамони ҷаҳон шуд - видео

Ёдрас мешавем, ки моҳи октябр паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар Марокаш баргузор шуд, сазовори медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор шуд.

Лентаи хабарҳо
0