Роҳандозии хатсайри нави автобусҳо аз Тошканд ба Маскав

© PixabayПассажиры в автобусе, архивное фото
Пассажиры в автобусе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба гузориши Вазорати нақлиёти Узбакистон то охири моҳи декабр аз Тошканд то Маскав ду хатсайр ифтитоҳ хоҳанд шуд, ки яке рӯзи душанбе ва дигаре рӯзи панҷшанбе сафар хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Узбакистон хатсайри нави Тошканд-Маскав роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ин кишвар.

"Вазорати нақлиёти Узбакистон хабар медиҳад, ки оғоз аз 19 декабр аз Тошканд ба Маскав автобусҳо сафар хоҳанд кард", - омадааст дар хабарнома.

Ин хизматрасониро ширкати "Узавтотранс Сервис" роҳандозӣ хоҳад кард.

Первый автобус отправился из Худжанда в Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Миёни Тоҷикистону Узбакистон масири нави ҳаракати автобусҳо ифтитоҳ мешавад

Бино ба гузориши иин ниҳод, нахустин сафар рӯзи 19 декабр соати 12.00 бо вақти маҳаллӣ (соати 10.00 ба вақти Маскав) аз саристгоҳи шаҳри Тошканд равон хоҳад шуд. Дар назар аст, ки автобус рӯзи 22 декабр ба Маскав расад. Нуқтаи охирини сафар, истгоҳи метрои  "Новоясеневская" хоҳад буд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Узбакистон то охири моҳи декабр аз Тошканд то Маскав ду хатсайр ифтитоҳ хоҳанд шуд, ки яке рӯзи душанбе ва дигаре рӯзи панҷшанбе сафар хоҳад кард.

Нархи як чипта аз Тошканд то Маскав 95 доллар муқаррар шудааст.

Замони оғози ҳаракати автобусҳо миёни Узбакистону Тоҷикистон муайян шуд

Ёдрас мешавем, ки созишномаи дахлдор оиди ҳаракати байналмилалии нақлиётӣ миёни Узбакистон ва Русия ҳанӯз соли 2000 имзо шуда буд. Вале то кунун натиҷае ба бор наоварда буд.

Нахустин автобус аз Узбакистон ба Русия соли 2018 ҳаракат кард. Он замон хатсайрщои Тошканд-Нижний Новгород ва Тошканд-Қазон ифтитоҳ шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0