Дар Хуҷанд 110-солагии нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил таҷлил мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешНадпись в центре города Худжанд "Я люблю Худжанд", архивное фото
Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ба муносибати 110-солагии нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ҷамъомад баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Имрӯз, соати 14-00 дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати 110-солагии яке аз поягузорони насри муосири тоҷик, нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳим Ҷалил ҷамъомад баргузор мегардад.

Намоишгоҳ ба муносибати рӯзи Имомат дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Нависандаи маъруф Раҳим Ҷалил соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, фаъолияти эҷодиашро соли 1930 оғоз намудааст.

Аввалин маҷмӯаи ашъораш “Мавҷҳои музаффарият” соли 1933 чоп шуд ва сипас дар солҳои гуногун  осори ӯ бо номҳои “Шеърҳо ва ҳикояҳо”, “Ҳиссае аз қиссаҳо”, “Ҳикояҳои давраи ҷанг”, “Умри дубора”, “Баҳор”, “Ҳикояҳо”, “Ҳамида”, “Шикасти тилисмот”,  “Илҳом”, “Духтари мармарин”, “Гардиши фалак”, “Ҳикояҳо”,  “Одамони ҷовид” ва ғайраҳо дастраси хонандагон гардидааст.

Асарҳои нависанда барои омӯзиши таърих ва фарҳангу ҳунари кишвар дар ибтидои асри ХХ сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0