Президент мухолиф буду ахиран розӣ шуд: қарори Ҳукумат дар бораи кормандони андоз

© © Sputnik / Амир ИсаевГлава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки борҳо хоҳиши Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз барои афзоиши теъдоди кормандони кумитаро рад карда буд, ахиран қарор барои каме зиёд кардани шумораи кормандони ин ниҳодро имзо намуд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи ноябр имзо кард, теъдоди кормандони Кумитаи андоз зиёд карда шуда, бидуни ҳайати хидматрасон 1843 нафар муқаррар гардид.

Глава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Ҳукумат дар бораи гумрук: аз пуркунии буҷа то номгузории Раҳмон ба порахӯрҳо

Тибқи қарор, 1755 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 88 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андоз таъмин мегарданд. Теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи андоз 225 нафар муқаррар шудааст, ки 60 ададашон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ мешаванд.

Қаблан ҳадди ниҳоии воҳидҳои кории Кумита 1833 ададро ташкил медод. Ҳукумат Вазорати молияро вазифадор кардааст, ки маблағгузории воҳидҳои кории иловагии Кумитаро таъмин намояд.

Палатаи ҳисоб беш аз 102 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи соли равон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳо изҳор дошта буд, ки Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз борҳо хоҳиш кардааст, ки теъдоди нозирон дар кишвар зиёд карда шаванд.

Газеты с объявлениями о вакансиях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз барканориҳо дар Бадахшон: Кумитаи андоз коргар меҷӯяд

“Роҳбари Кумита ҳар вақт пешниҳод мекунанд, ки кормандони андозро зиёд кардан даркор. Ана буҷет 400 миллион буду, ҳозир 24 миллиард шудаст, кормандонро зиёд даркор, мо ба ҳамаи ҷо намерасем”, - изҳор дошта буд Раҳмон аз қавли Давлатзода.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни радди ин пешниҳод таъкид кард, ки баръакс кормандонро камтар кардан зарур аст.

“Баръакс кам кардан даркор. Бо низоми нави рақамӣ, низомҳои муосир пеш рафтан даркор аст. Методҳои куҳна тамом”, - таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.  

Раисиҷумҳур Ҳукуматро муваззаф карда буд, ки барои саноатикунонии кишвар ва татбиқи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ соли 2020 Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия ва татбиқ кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала