Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики машҳур дар Русия намоҳанги ҷадидашро нашр кардааст, ки порае аз он ахиран дар Тоҷикистон сабт шуд

Манижа Сангин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, суруди ҷадидаш дар мавзӯъи мансубияти миллӣ мебошад. Ӯ дар сурудаш мехонад, ки на славяни том асту на тоҷики расо.

Ӯ сурудааст, ки бо қонунҳои Қуръон дохили калисо зиндагӣ мекунад ва таъкид ба ягонагии Худо месозад. Манижа ҳамчунин ба мавзуъи муҳоҷират дахл карда, зимни сабти намоҳанги нав низ бархе қолабшиканиҳо кардааст. Дар клип Манижа бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом медиҳад. 

Мухлисон давоми як рӯзи нашри намоҳанг аз он хуш истиқбол карда, шеваи хоси Манижаро тавсиф кардаанд.

Қаблан ин овозхони тоҷиктабор суруд ва намоҳанги худро таҳти унвони "Сейчас дважды не случится" (Ин лаҳза дубора намеояд), пешкаши мухлисон карда буд. Нақши асосиро дар намоҳанг худи Манижа Сангин бозидааст. Бо ин суруд ва клипи худ Манижа қолабшиканӣ карда, мехоҳад ба мардум бирасонад, ки ҳар лаҳзаи ҳаёт такрорнашаванда ҳаст ва ишқу муҳаббат сарҳадро намепазирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала