Ба Путин аз тирпарронӣ дар маркази Маскав гузориш доданд

Рӯзи панҷшанбе шахси номаълум дар маркази шаҳри Маскав дар назди метрои Кузнетский мост аз автомати Калашников оташ кушод

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба президенти Федератсияи Русия дар бораи тирпарронӣ дар Лубянка гузориш доданд, гуфт сухангӯи Владимир Путин - Дмитрий Песков.

"Ба Путин дар бораи қазияи Лубянка гузориш доданд", - гуфт Песков.

Ёдрас мешавем, ки дар кӯчаи Лубянкаи шаҳри Маскав дар назди бинои Хадамоти федералии амният – “ФСБ” марде аз автомати Калашников оташ кушод.

Место стрельбы на Лубянке, фото очевидцев - Sputnik Тоҷикистон
Тиркушоии марде дар назди бинои ФСБ дар Маскав-видео

Ӯ дар назди бинои “ФСБ” аз автомат тир кушода, дар як бино камин гирифта, тирпарониро идома додааст.

Дар паи ин ҳодиса, бар асоси иттилои тасдиқнашуда, як корманди мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Мақомоти Русия мардро пас аз як соат боздошт кардааст. 

Дар шабакаи интернет наворҳо аз макони тирпарронӣ нашр шудаанд, ки дар он фарёдзании мардум ва садои тирпаронӣ шунида мешавад.

Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала