Таҳдиди мақомоти Эстония ба кормандони Sputnik

Мақомоти Эстония ба кормандони Sputnik Эстония таҳдид мекунад, ки агар онҳо то 1 январи соли 2020 фаъолияташонро, дар оҷонсии хабарӣ қатъ накунанд онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашад. Ин таҳдидҳо аввалин ҳодисаи таъқиби рӯзноманигорон дар Русия нест

Мақомоти Эстония ба кормандони  Sputnik таҳдиди ҷазои ҷиноӣ мекунанд. Полис ба кормандон шарт пешниҳод кардааст: ё онҳо то 1 январи соли 2020 корашонро қатъ мекунанд ва ё ба додгоҳ фиристода мешаванд.

Ин роҳи нави фишороварӣ ба журналистони номатлуб мебошад. Сабаби расмӣ таҳримҳои ИА, ки соли 2014 ҷорӣ карда шуда буд, номида мешавад. Аммо, дар агентӣ дар ягон рӯйхати таҳримот дида намешавад.

Хадамоти матбуотии АИБ "Россия сегодня чунин қайд кардааст: "Мо ба шумо хотиррасон кардан мехоҳем, ки АИБ "Россия сегодня " (Sputnik Эстония шӯъбаи Агентӣ аст.) дар ягон рӯйхати таҳримоти Иттиҳоди Аврупо пайдо нашудааст. Мо амалҳои мақомоти Эстонияро таҳқиромез меҳисобем..”

Дар асл, ба журналистон таъқиби ҷиноӣ  танҳо барои он мешавад ки онҳо дар як хабаргузории русӣ кор мекунанд вазъро атрофи Sputnik зимни нишасти матбуотии солона Владимир Путин шарҳ дод.

“Вақте ки ман ин гуна чизҳоро мешунавам, онҳо маро ба ҳайрат меоранд, зеро онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки моро дар баъзе гуноҳҳои марговар айбдор кунанд, аз ҷумла фишор ба расонаҳои мустақил ва худи онҳо бошанд он кореро мекунанд, ки моро айбдор мекунанд. Ин, албатта, бисёр аҷиб аст. Ва новобаста аз он, ки то чӣ андоза ногувор аст, бояд имкон пайдо кард дар он кишварҳое, ки аз фаъолияти шумо, аз шумо ва аз ҳақиқате, ки шумо ба тамошобинон ва шунавандагони худ меоред метарсанд кор кард,  агар наметарсанд пас чаро сади роҳи фаъолияти шумо мегарданд. Озодии паҳн кардани иттилоот ба яке аз озодиҳои заминавии ҷаҳони муосири демократӣ дахл дорад. Аммо, мутаассифона, на ҳама, зоҳиран, дар ин парадигма фаъолият мекунанд ...”, - қайд кардааст Владимир Путин, Президенти Русия.

Вазорати корҳои хориҷии Русия амали Эстонияро қобили қабул нахонд.  "Чунин вазъ комилан қобили қабул нест ва берун аз принсипҳои асосии демократӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Эстония оид ба таъмини кори ВАО, озодии баён ва дастрасии баробар ба иттилоот аст".

Таҳдидҳои нави Таллин як кӯшиши монеъ шудан ба кори Sputnik мебошанд. Қаблан мақомот интиқоли музди меҳнат, пардохтҳои андоз ва иҷораи афтарро қатъ карда буданд. Ва ин ҳама дар кишваре рӯй медиҳад, ки дар рейтинги индекси озодии сухан, ки аз ҷониби “Гузоришгарони бемарз” таҳия шудааст, дар ҷои 11 қарор дорад. Бисёр озодии ҷолиб.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала