Раҳмон барои бунёди бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Хуросон санги асос гузошт

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанРустам Эмомали и Эмомали Рахмон дали старт строительству новой школы
Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон дали старт строительству новой школы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ бо тарҳи биноҳои сохташаванда ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохмтонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Имрӯз, 21 декабр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузошт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, аснои ошноӣ бо тарҳи бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд, ки бинои сохташаванда 2-ошёна буда, масоҳати умумии он 9 садяк заминро дар бар мегирад ва масоҳати зери сохтмон 118 метри мураббаъ аст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон ба масъулини Хатлон: бо нафақахӯрон хуб муомила кунед

Дар ошёнаи якум ва дуюми он утоқҳои кории кормандон ва толори маҷлисӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иншоот дорои 6 ҳуҷра ва шароити хуби корӣ хоҳад буд. Ҳамаи утоқҳои кормандон бо компютер ва мизу курсӣ муҷаҳҳазонида мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои бунёди бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузошта, бо сохтмончиён суҳбат кардааст..

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нав ба раисиҷумҳур иттилоъ додаанд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна, 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Тибқи нақша дар ошёнаи якуми бино Корхонаи Воҳиди Давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва дар ошёнаи дуюм Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон ҷойгир хоҳанд шуд.

Кишвардор, пас аз ошноӣ бо тарҳи биноҳои сохташаванда ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохмтонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0