"Маринес" - суруди помирӣ дар иҷрои Нигина ва базми мардумӣ-видео

© © Sputnik / Амир ИсаевНигина Амонкулова
Нигина Амонкулова  - Sputnik Тоҷикистон
Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик суруди машҳури солҳои охир дар минтақаи Помирро бозхонӣ карда, ҳафтаи равон онро дигарбора вирди забонҳо кардааст

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Суруди “Маринес” дар иҷрои Амонқулова ҳафтаи равон нашр шуда, даҳҳо ҳазор нафар онро гӯш карда, писандидаанд.

Амонқулова бо забони шуғнӣ месарояд, “Фук ринесат, илтимос веф гапен маринес, фук ринесат илтимос веф хабен маринес, узта тем рӯзо аз ту хез, тар ига ҷоят тар ига макӯн, илтимосум, илтимосум веф мо хатен мабинес”, ки тарҷумааш ба тоҷикӣ -  “Ҳамаро фаромӯш кунӣ ҳам, илтимос он гапҳоямро ёд дор, ҳамаро фаромӯш кунӣ гар, он шабҳоро аз хотир набарор, рӯзе меравам ба дигар ҷою макон, лек илтимос номаҳоямро нигоҳ дор”, мебошад.

Ӯ дар идома суол мегузорад, ки “узта чирд хо нозум, узта чирд хо розум, узта чирд дигар хо хатен бозум” – “дигар ба кӣ менозам, роз мегӯям, барои кӣ дигар, номаҳо мефиристам”.

“Зимистон мис навжид ят баҳор, хо ҷонум чуд то чат хорат зор, узта тем рӯзо аз то хиз тар ига ҷоят, тар ига макӯн, илтимосум мо дил мак малол”, - сурудаст Нигина. Амонқулова дар идома бо оҳанги дигари базмии мардумӣ меомезаду бо забони тоҷикӣ дар бораи мастию майпарастӣ ва ҳиҷрону васли ёрон месарояд.

Суруди Маринесро, ки Нигина бозхонӣ кард, соли 2017 Ширинмоҳ Ниҳолова хонда буд ва тайи солҳои аз ҷумлаи сурудҳои машҳур дар ВМКБ ба шумор мерафт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала