Базм дар хонаи бадахшонӣ: Мадина намоҳанги ҷадиди "Ҷону дилам" - ро нашр намуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарояндаи хушсадо ва хушсимои Тоҷикистон Мадина Ақназарова намоҳанги ҷадиди худро дар хонаи бадахшӣ сабт намуда, пешкаши ҳаводоронаш намудааст

Намоҳанги ҷадид таҳти унвони "Ҷону дилам" - ро Мадина Ақназарова ду рӯз қабл дар шабакаи YouTube нашр намуд, ки писанди даҳ ҳазор тамошобинон гардидаст.

Кадр из клипа Мадины Акназаровой - Sputnik Тоҷикистон
Мадина Ақназарова "роман"- и худ бо Мастер Исмоилро рад кард

Ин навбат,  Мадина Ақназарова намоҳанги худро дар хонаи бадахшонӣ, дар иҳотаи таблзан ва рубобнавози моҳир сабт намудаст. Дар баробари Мадина 4 қаҳрамони дигари ин намоҳанг низ либоси шинам  ва тоқии базеби бадахшӣ пӯшидаанд.

Рақси маҳину зебои мард ва зани хушсират ба намоҳанги ҷадид боз ҷаззобати нав зам намудаст.

Дар ду рӯзи пахши ин намоҳанг дар шабакаи YouTub  он аз ҷониби 10 ҳазор нафар тамошо гардид ва ҳамчунин шумори зиёди одамон зери он назарҳои мусбӣ коштаанд.

Мадина Ақназарова намоҳанги "Ҷону дилам" - ро дар сафҳаи худ дар Инстаграм низ нашр намудаст ва дар он ҷо  ба Абдулшаҳид Саодатшоев изҳори сипос намудаст.

"Барои чунин суруди хушохангу дилнишин "Чону дилам /Jonu dilam", миннатдории худамро ба устод Абдулшаҳид Саодатшоев баён мекунам". - навиштааст Мадина Ақназарова.

Ҳамчунин ба навозандаҳо ва рақосаҳо низ миннатдорӣ баён кардааст.

Дар сафҳаи инстаграми Мадина намоҳанги ҷадидро беш аз 26 ҳазор одам тамошо ва писандидаанд.

Ёдрас мешавем, ки Мадина Ақназарова намоҳанги нахустини худро зери унвони "Ай ёр ёр" соли 2017 пешкаши мухлисон карда буд.

Лентаи хабарҳо
0