Суқути ҳавопаймои ҷангии нави Русия дар Хабаровск

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Русия ҳангоми озмоиш ҳавопаймои ҷангии нави Русия Т-50 суқут кард. Тибқи маълумоти пешакӣ дар натиҷаи суқути ҳавопаймо касе осеб надидааст

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳавопаймои ҷангии насли панҷум (ҳавопаймои Т-50) дар минтақаи Хабаровски Русия суқут кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба намояндаи сохторҳои низомии Русия.

Опубликовано видео с места крушения Boeing 707 в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Навори мудҳиши суқути ҳавопаймои Boeing 707 дар Эрон - Навор

Бино бар иттилои манбаъ, ҳавопаймо низомӣ набуд ва суқути он ҳангоми озмоиши муҳаррик сурат гирифтааст. Ҳавопаймои ба корхонаи ҳавопаймосозии ба номи Гагарин, ки дар минтақаи Камсомолск бар Амур ҷойгир аст, таалуқ дорад.

“Ҳавопаймо суқут кард, халлабон тавасути сандалии партоб ба берун омада зинда монд”, тасдиқ карданд намояндагони ҳукумати ин минтақа.

Вазъи саломатии халлабон то ҳол маълум нест, ӯро тавассути чархбол аз ҷои ҳодиса берун оварда шуд.

Сабаби аслии суқути ҳавопаймои Т-50 ё ин ки СУ-57 дар минтақаи Хабаровски Русия носозӣ ва иштибоҳи халлабон дониста мешавад.  

Лентаи хабарҳо
0