Рӯихати 10 ронандае, ки пас аз шикояти корбарони Фейсбук боздошт ва ҷаримабандӣ шуданд

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 10 ронандаи қонуншикан хабар медиҳад, ки дар асоси шикояти корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони пулис дар асоси шикояти чанд нафар аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ронандаҳои қонуншиканро боздошт намуданд.

Ҷаримабандии ронанда барои таваққуфи нодуруст - Sputnik Тоҷикистон
Пулиси Душанбе пас аз шикояти корбари Фейсбук ронандаро ҷарима баст

Гуфта мешавад, корбарон бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз кормандони пулис дархост намуданд, ки нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешанд.

Ҳамин тариқ кормандони милитсия 10 нафар аз ронандаҳо, ки аснои ҳаракат дар роҳ ба қоидавайронкунӣ даст задаанд боздошт ва ҷаримабандӣ шуданд.

ВКД донишҷӯи ДМТ- ро дар садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ гунаҳкор намуда, ҷарима баст

Бақоев Самандар Муминович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, Ризвонов Баҳрулло Эмомович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундаи – Соната, Қудратуллои Ҳайдари – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, Раҳимов Нурали Умаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Астра, Ахмедов Алишер Каримович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Зефира, Собиров Меҳробуддин Шамсудинович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, Ҳоҷиев Бурҳониддин Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Астра, Ҳоҷиев Бурҳониддин Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Астра, Ҳоҷиев Муҳибҷон Содиқович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, Ҷабборов Абдулло Абдумаликович – ронандаи автомашинаи тамғаи Шкода аз ҷумлаи ронандагони қонуншикан мебошанд, ки кормандони милитсия онҳоро дастгир ва ҷарима бастанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала