Муноқишаи хонаводагӣ: марди 47 сола бародарашро бо табар зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 47 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки бо табар ба бародари худ ҳамла намуда ӯро захмӣ намуд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи мазкур дар деҳаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ҳисор сокини Душанбе ҷавони 20 - солаи маҳаллиро бе ягон асос корд зад

Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия сокини 47 солаи ин ноҳияиро боздошт намуданд, ки барои қасдан расонидани зарари вазнини ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, номбурда  рӯзи 24-уми декабри соли ҷорӣ, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар манзили зисташ бо бародари худ вориди муноқиша шуда,  бо табар 4-маротиба ба сараш задааст.

Боздошти сокини Рязан, ки як муҳоҷирро кушт ва дуи дигарро маҷрӯҳ кард

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Феълан, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала