Раҳмон гуфт кай НБО "Себзор" дар Бадахшон фаъол мешавад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон заложил первый камень в основание ГЭС "Себзор"
Эмомали Рахмон заложил первый камень в основание ГЭС Себзор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни паёми навбатии худ ба парлумон гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар НБО "Себзор" то соли 2022 пурра ба анҷом мерасад ва ин неругоҳ ба фаъолият оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Интизор меравад, НБО "Себзор" дар Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон соли 2022 ба фаъолият оғоз кунад, изҳор намуда Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми навбатӣ ба парлумони кишвар.

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Олмон барои рушди деҳот ва сохтмони НБО-и "Себзор" 27 миллион евро ҷудо мекунад
Роҳбари давлат зимни суханронии худ бобати ин неругоҳ гуфт, ки барои татбиқи ин лоиҳа аз буҷаи давлат 48,4 миллион доллар ихтисос дода шудааст. 

Бояд зикр намуд, ки ба сохтмони неругоҳи мазхкур ҳанӯз тобистони соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  оғоз бахшида буд.

Пудратчии асосии сохтмони неругоҳи "Себзор" ширкати "Помир энержӣ" мебошад, ки ба идоракунии шабакаҳои барқ дар ВМКБ машғул аст.

Зарфияти тавлидотии НБО «Себзор»-и Роштқалъа ба 60 МВт баробар аст

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тайи 7 соли охир истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1,3 баробар афзуда, соли 2019 ба нишондиҳандаи 20 млрд. кВт/соат расидааст.

Сохтмони НБО "Себзор" дар дарёи Шоҳдара, дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 15 километрии шарқи шаҳри Хоруғ ҷараён дорад.

Дар асоси пружаи он бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолт "Себзор — Хоруғ" бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Лентаи хабарҳо
0