Либос, муй ва ниқоби занона: чи гуна марде дар Истаравшан худро “Юлдуз Усмонова” сохт?

© SputnikЮбилейный концерт Юлдуз Усмановой в Москве
Юбилейный концерт Юлдуз Усмановой в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Истаравшан консерти тақаллубӣ тавре доир шудааст, ки дар он марде бо истифода аз либосу муй ва ниқоби занона худро “Юлдуз Усмонова” ситораи саҳнаи Узбакистон вонамуд кардааст

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Аммо аз ин фиреби назар, иштирокдорони консерт ба зудӣ пай бурдаанд, ки барои онҳо на Юлдуз Усмоноваи воқеъӣ, балки нафари дигар суруд мехонад.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ “нақши Юлдуз Усмонова” ро дар барномаи консертии тарабхонаи “Садбарг” дар Истаравшан, Рустамхоҷа Усмонов, як ҳунарпешаи узбакистонӣ “иҷро” кардааст.

Усмонов пеш аз он, ки “Юлдуз Усмонова” шуда рӯи саҳна сурудхонӣ кунад, аз чанд васоил истифода кардааст. Аз ҷумла либос ва парик, ё муйи занона ва ҳам ниқоб, ки гуё симои сароянда Юлдуз Усмоноваро доштааст.

Аммо ин ҳама кӯшишҳои ӯ ва ташкилкунандаҳои барномаи консертии ба ном бо иштироки Юлдуз Усмонова беҳуда буданд, зеро тамошобинон аз ин сохтакориҳо ва баргузории консерти тақаллубӣ огаҳ шудаанд.

Як манбаъи огоҳ аз ин барномаи консертӣ аз Истаравшан гуфт, ки баъди он, ки ин консерти тақаллубӣ фош шуд, ташкилкунандаҳои консерт ҳозир нашуданд, ки сабаби дар асл ташриф наовардани худи Усмонова ба Истаравшанро шарҳ диҳанд.

"Аксари тамошобинон, ки барои ин барномаи консертӣ чипта харида буданд, аз ҳама сохтакориҳо огоҳ шуданд. Ташкилкунандаҳои консерт дар ин вақт ба як борагӣ ғайб заданд. Мардум дар толор аз фанхурии худ шуру мағал бардоштанд", - гуфт манбаъ.

Аммо бархеи дигар аз иштирокдорони консерт гуфтанд, ки агар он замон дастандаркорони барномаҳои консертии Юлдуз Усмонова аз шаҳри Тошканд, намегуфтанд, ки ин овозхон дар пойтахти кишвараш қарор дорад, онҳо “Юлдуз” и қалбакиро сарфаҳм нарафта буданд.

Певица Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон
Тақаллуби “Юлдузсозӣ” дар Истаравшан ва бехабарии мақомот

"Баъзеҳо ба сурудхонии “Юлдуз Усмонова” бовар карда ҳатто кафкӯбӣ ҳам доштанд ва маълум буд, ки онҳо аз ин консерт таасуроти хуб бардоштаанд", - гуфт як ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Аммо мақомоти ҳукумати Истаравшан дар суҳбат гуфтанд, ки баргузории консерт бо иштироки ситораи Узбакистон, Юлдуз Усмонова дар назар буд, аммо аз наомадани ӯ ва бо тақаллуб баргузор шудани барномаи консертӣ хабар надоранд.

Нигора Наимҷонзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан оид ба соҳаи иҷтимоиёт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, баргузории консерти Усмонова, рӯзи 25-уми декабр дар тарабхонаи “Садбарг” аз ҷониби як соҳибкор роҳандозӣ карда мешуд.

"Ба унвонии раиси шаҳр аз сӯи соҳибкор барои баргузор кардани барномаи консертӣ бо иштироки ситораи Узбакистон Юлдуз Усмонова ариза ворид шуда буд. Мо ин аризаи соҳибкорро баррасӣ намуда, барои баргузор шуданаш назари чандин мақомотро пурсида иҷозат додем то, ки мардум дар остонаи соли нави мелодӣ хурсандӣ кунанд, лекин чаро худи овозхон наомадааст, мо бехабарем", - афзуд Наимҷонзода.

Муовини раиси шаҳри Истаравшан дар бораи ном ва насаби ин соҳибкор, ки мо ӯ мепурсидем, гуфт ҳоло исми онро дар хотир надорад.

Бино бар эълони тоблуҳое, ки дар кӯчаву ҷойҳои гаштугузори одамон дар Истаравшан насб карда шуд, барномаи консертӣ бо иштироки Юлдуз Усмонова мебоист рӯзи 25-уми декабр дар тарабхонаи “Садбарг” баргузор мешуд.

Юлдуз Усманова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова: агар барои Каримова намесароидам аз саҳна маҳрум мешудам

Барои иштирок дар ин барномаи консертӣ даҳҳо нафар ба қиммати бештар аз 300 сомонӣ чиптаи консерт харида буданд.

Дар ин барномаи консертӣ, ба ҳисоби Юлдуз Усмонова ҳунарнамоии Хуршеди Мӯъминҷон сарояндаи истаравшанӣ ҳам дар назар буд.

Аммо аз ин барномаи консертии гуё бо иштироки Юлдуз Усмонова дар Истаравшан тавре доир гирдид, ки аслан худи Усмонова хабар надошта, балки дар шаҳри Тошканди кишвараш қарор дошт.

Ба ин ҳол сокинон мегуянд, дар остонаи соли нави мелодӣ чи гуна як консерти тақаллубиро шоҳид шудаанд, ки бо азбар кардани либос, мӯй ва ниқоби занона, марде худро “Юлдуз” гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0