Аз 1 январ: ҳаҷми ҷаримаю боҷ ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 1 январи соли 2020 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло рафта, 58 сомониро ташкил хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Додгоҳи иқтисодӣ аз моддаи 23-и қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2020 иқтибос овардааст, ки афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, боҷу андоз ва инчунин пардохтҳои иҷтимоиро дар назар  дорад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Талаф каму пули барқ зиёд: созиши Ҳукумат бо “Авесто гуруҳ” ва “Душанбе сити”

"Аз 1 январи соли 2020  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда шавад", -  иқтибос оварда шудааст аз моддаи 23-и қонуни буҷа барои соли 2020.

Ин дар ҳолест, ки соли равон нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомониро ташкил медод ва соли гузашта муодили 50 сомонӣ буд. Соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд.

Раисҷумҳур меъёри андозситонӣ дар Узбакистонро коҳиш дод

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0