Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати 8 нафар ва дафни чаҳор нафари узви як оила

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 28 декабри соли равон дар як садамаи маргбор 8 нафар ҷони худр аз даст доданд. Чаҳор нафари фавтидагон дар ин садамаи маргбор уви як оила будаанд. Рӯзи 29 декабр дар Норак маросими дафни чаҳор узви як оила сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми декабри соли равон, дар як садамаи маргбор дар роҳи мошингарди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат 8 нафар ба ҳалокат расид.

Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар Ёвон: ронандаи “ГАЗ-53” ба чуқурии 700 метр чаппа шуд

Тавре ВКД қайд намудааст, садамаи маргбор рӯзи 28 декабр тахминан соати 14:40-дақиқа, дар роҳи мошингарди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат сурат гирифтаааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Иззатов Шамшод Хушвахтович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳриКӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Саидов Амир Маҳмадёрович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Норак, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Норак ҳаракат мекард, бархӯрдааст”, - таъкид джоштааст ВКД.

Тавре манбаъ таъкид доштааст дар натиҷаи садама, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Иззатов Ш.Х. ва мусофирони дохили автомашина, шаҳрвандон: Холова Сафаргул Шарифовна, соли таваллудаш 1959, сокини н.Балҷувон, Холова Бибӣ Шарифовна, соли таваллудаш 1964, сокини ш.Кӯлоб, Ҳотамҷонӣ Миралӣ, соли таваллудаш 1994, сокини ш.Кӯлоб, инчунин ронандаи дигари автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Саидов А.М. ва мусофирони дар дохили автомашина буда, шаҳрвандон: Маҳмадёров Гулмурод, соли таваллудаш 1950, Саидова Рӯзигул Абдуллоевна, соли таваллудаш 1962, Гулмуродова Ҷумъагул, соли таваллудаш 1955, сокинони ш.Норак, ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар Ёвон: ронандаи “ГАЗ-53” ба чуқурии 700 метр чаппа шуд

Инчунин мусофири дигари дар дохили автомашинаи мазкур буда, Маҷидова Маликмоҳ, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони ВКД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз маросими дафни чаҳор узви як оила, ки дар ин садамаи маргбор ба ҳалокат расиданд, баргузор шуд. Дар ин маросим садҳо сокинони Норак иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори муқими Норак Сафари Шукур  тасвир кардааст “Ду ошёнаи масҷид, долони масҷид пур аз одамони ҷанозахон. Дар як лаҳза 4 намози ҷаноза хондем. Баъзеҳо баъди баровардани 4 тобут аз хона касал низ шуданд, чунки нахустин бор диданд ин ноумедиро.

Тасаввур кунед дар як рӯз 4 нафар аз як оила, акаву додар бо занҳояшон шаҳид шуданд. Сину солашон аз 50 боло. Фарзандон аз муҳоҷират зуд омаданд то бори охир чеҳраҳои падару модарашонро дар ин дунё назар кунанд, афсус чеҳраҳои беҷонро диданду халос.
Домулло хело ситоиш кард майитонро. Акаи Зард ҳоҷӣ буд ва акаи Амирбек нияти ҳоҷӣ шуданро дошт.

Намози бомдодро дар масҷид бо ҷамоат хонданд ва раҳсипор шуданд ба туйи хешовандон. Аммо намедонистанд охирон намозашон аст... Ҳини бозгашт садама рух дод ва чаҳорашон ҷон бохтанд”. 

Лентаи хабарҳо
0