Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури УзбакистонШавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо ҳамтои узбакистонияш, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Мирзиёев ва Раҳмон ҳамдигарро бо фарорасии соли нави 2020 шодбош гуфтаанд, хабар додааст котиботи раисиҷумҳури Узбакистон.

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Паёми солинавии Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

Манбаъ афзуд, соли равон дар таърихи муносиботи ду кишвар ҳамчун соли идомаи рушди ҳамкориҳо, таҳкими ҳамсоядории неку дӯстии бисёрасрӣ ва устувор шудани шарикии стратегӣ сабт мешавад.

“Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳо миёни ҳукуматҳо, парлумонҳо ва минтақаҳо, аз он ҷумла миёни Тошканд ва Душанбе дар ҳоли густариш қарор доранд. Афзоиши савдо, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ҷой дошта, равобити фарҳангӣ-гуманитарӣ таҳким ёфта истодаанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Узбакистон.

Ҳаждаҳумин гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ифтитоҳ мешавад

Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин масоили минтақавию байналмилалиро баррасӣ кардаанд, аммо тафсилоти он ироа нашудааст.

Мирзиёев ва Раҳмон махсус муҳимияти мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намудаанд, ки моҳи ноябри соли равон дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала