Давродаври дунё: ҷаҳонгарди тоҷик баъди 1 солу 7 моҳ ба Ватан расид-акс

© акс аз саҳифаи фейсбукии Фарҳод КалоновФарҳод Калонов, ҳангоми вуруд ба хоки Тоҷикистон
Фарҳод Калонов, ҳангоми вуруд ба хоки Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарҳод Калонов, ҷаҳонгарди тоҷик, давродаври кураи замин тайи 1 солу 7 моҳ гирд зада, ба Тоҷикистон расид

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Калонов дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, 52 кишвари ҷаҳон 113 ҳазор километрро паси сар карда, тариқи марзи Тоҷикистону Қирғизистон вориди Ватан шуд.

Ҷаҳонгардро дар шаҳри Хуҷанд мотосиклронҳои бошгоҳи Ирбис истиқбол гирифта, дар назар аст, 31 декабр ба Душанбе ояду Соли навро дар пойтахти Тоҷикистон дар иҳотаи хонаводаю наздикон пешвоз гирад.

Фарҳод Калонов дар тасвири эҳсосаш аз вуруд ба хоки Ватан изҳор доштаст, ки гӯиё ҳеч ҷое нарафтааст.

“Нахустин километрҳои тайкардаам дар хоки Ватан афсонавӣ намуданд, гӯиё ҳеч ҷое нарафтаам. Ҳама чиз ошною одист, худист. Одат кардам, ки ҳангоми вуруд ба кишваре ба дунёи нав бо мардум, анъана, шаҳрҳо ва табиаташ ворид мешавам. Аммо ин ҷо ҳама чиз ошност”, - навиштаст Калонов.

Имрӯз 31 декабр сайри ҷаҳонгарди тоҷик давродаври замин зери унвони “Мо тоҷикон – 5, Беохир ниҳоӣ нест” анҷом меёбад.

Фарҳод Калонов дар ин сафар баробари муаррифии Тоҷикистон  таблиғи аҳдофи башардӯстонаро ҳадаф гузошта буд.

Лентаи хабарҳо
0