Лоиқ Раҷабов дар мубориза барои $1 млн доллар мағлуб шуд

© UFC BetЛоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкори тоҷик дар тӯли рақобат чусту чолокӣ нишон дод, вале дар поёни сабқат ба рақибаш пирӯзӣ овард

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Варзишгари тоҷики ММА Лоиқ Раҷабов дар Гран-при Professional fight league (PFL) – 2019 дар Лас-Вегас (ИМА) дар вазни сабук бар Крис Вейди амрикоӣ ғолиб омада, ба финал баромада буд.

Ӯ шаби Соли нав дар қуввасанҷии ҳалкунанда бар зидди размикори бразилиягӣ Натан Шулте барои $1 миллион доллар мубориза бурд. 

Таджикский боец ММА выграл в Лас Вегасе - Sputnik Тоҷикистон
Размикори тоҷик ҳамшаҳрии Ҳабиб ва Вейдро мағлуб карда ба финали PFL роҳ ёфт - видео

Ҳарду варзишкор ҳам ба майдон бо омодагии ҷиддӣ ва барои пирӯзӣ омала буданд. Аз ин рӯ рақобат то охирин дақиқаҳо идома кард.

Лоиқ бештари вақт муштҳои нишонрас дошт, замоне, ки Шулте кӯшиш мекард дар партер ҳуҷум кунад.

Дар бахши аввал варзишкори тоҷиr бештар фаъол буд, вале баъдтар идораро аз даст дод.

Рақобат бо ҳуҷумҳои баробари ду тараф идома кард. Лоиқ ҳамоно бо муштзанӣ машғул буду Натан кӯшиш мекард корро дар партер тамом кунад. Дар охир ҳамин тавр ҳам шуд.

Лоиқ ҳатто дар охир ба пой бархост, вале доварон пирӯзӣ ва як миллион долларро ба размикори бразилиягӣ лоиқ донистанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала