“IRS”: бехатарии ронанда муҳимтар аст, дар сурати зарурӣ роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад

© Фото : пресс-служба КЧС РТРасчистка дороги после снежной лавины, архивное фото
Расчистка дороги после снежной лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “IRS” эълон намудааст, ки аз санаи дуюм то чаҳоруми январи соли равон, зиёда аз 30 тармаро дар роҳи Душанбе-Чаноқ бартарф намуда аст

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik.  Ширкати “IRS” дар сомонаи расмии худ хабар додааст, ки дар давоми ду рӯз аз 2-4 январ зиёда аз 30 тармаро бартарф намуда ааст.

Ҳоло дар роҳи Душанбе-Чаноқ бартарафсозии пайомадҳои тармаборӣ идома дошта, роҳбарияти Ширкат, масъулини Вазорати нақлиёт, раёсати БДА ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар минтақа қарор доранд.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Ёдовар мешавем, ки бориши барф дар ин масир ҳафтаи гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст.

Масъулини ширкат таъкид намудааснд, ки кормандони ширкат кушиш доранд тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард намоянд. 

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки мушкилӣ асли дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. 

“Сарфи назар аз ин, кормандони  Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад”, - зикр намудааст манбаъ.

Инчунин масъулини ширкат махсусан қайд намудаанд, ки дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе – Чанок баландии барф зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт сурат мегирад, чунки ин амал ба бехатарии ронандагону мусофирон рабт дорад.

“Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият  дораду таъмини бехатарии шаҳрвандон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст. Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намудаи воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедорем”, - қайд намудааст Ширкати “IRS”.

Ҳамин тариқ масъулини ширкат аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки муқаррароти аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷоришударо ба эътибор гиранд.

Лентаи хабарҳо
0