Соҳибкор дар шаҳраки Бӯстон бо харҷи 12 миллион сомонӣ меҳмонхона месозад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкРабочий во время строительства, архивное фото
Рабочий во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дар ноҳияи Мастчоҳ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ бо гузоштани санги асос аз тарафи мақомоти вилояти оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik.  Дар ноҳияи Мастчоҳ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон соҳибкори инфиродӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода бо харҷи 12 миллион сомонӣ меҳмонхонаи замонавӣ бунёд хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Истаравшан СИТИ - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор бо харҷи 5,5 миллион сомонӣ “Истаравшан-ситӣ” сохт

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 7 январи соли равон мақомоти вилоят дар маросими гузоштани  санги асос иштирок намуданд.

“Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода бунёд хоҳад шуд ва тибқи лоиҳа иншоот аз се ошёна иборат аст. Меҳмонхона дорои 25 ҳуҷра ва 50 рахти хоб, инчунин толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва таваққуфгоҳ буда, ба иттилои муассисон барои меҳмонон маркази хизматрасонӣ низ ташкил карда мешавад”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки масоҳати умумии бино 3000 метри мураббаъ аст ва барои сохтмон зиёда аз 12 миллион сомонӣ масраф мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар маросими гузоштани санги асос таъкид намудааст, ки бунёди чунин иншоот дар ҳар як минтқаи вилоят зарур мешуморад.

“Имрӯз  соҳибкорони ватандӯст дар ободонии маҳал саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд”.- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Лентаи хабарҳо
0