Аслиддин Ҳабибуллоев сармураббии дастаи футболи “Хатлон”-и Бохтар таъйин шуд

© ФФТАслиддин Хабибуллоев - новый главный тренер команды "Хатлон"
Аслиддин Хабибуллоев - новый главный тренер команды Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи футболи вилояти Хатлон тасдиқ кардааст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев сармураббии дастаи футболи лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон – “Хатлон”-и шаҳри Бохтар таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк.  Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии шоистаи Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик, сармураббии дастаи футболи – “Хатлон”-и шаҳри Бохтар таъйин шуд.

Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони беҳтаринҳои футбол дар Хатлон

Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ин хабарро хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилоят тасдиқ намудааст.

Аслиддин Ҳабибуллоев фаъолияташро аз соли 2009 оғоз намуда, ҳамон сол бо дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) Чемпиони Тоҷикистон гардид.

Ҳамон сол дастаи мазкур ба мусобиқаи Ҷоми Президенти Конфедератсияи Футболи Осиё роҳхат гирифта, то марҳилаи нимниҳоии мусобиқа рақобат намуд. Ӯ аввалин бор ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозири “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) фаъолият намудааст.

Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев қаблан дар дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (2011-2013), “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016), ва “Хатлон” (2017-2019) ба ҳайси мураббии калон кор кардааст. Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати тими мунтахаби миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала