Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Изҳороти КДАМ дар бораи тирпарронии шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
КДАМ Тоҷикистон аз муноқишаи шабонаи миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо тирпарронӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Тибқи изҳороти КДАМ, шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди ҶҚ, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд,  дар назди хонаи сокини маҳаллӣ Абдулаев Султанбек Исмаилович ва бинои Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод кардаанд.

"Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи "Мерседес бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд", - омадааст дар изҳорот.

КДАМ афзуда, ки дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг задаанд.

Открытие границы между Киргизией и Казахстаном - Sputnik Тоҷикистон
Муноқишаи марзӣ: Латукӯби 5 сокини Исфара аз сӯи қирғизҳо

"Намояндагони ШВКД-2 шаҳри Исфара ва ШВКД ноҳияи Бодканд сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шуда, вазъиятро зери назорат гирифтанд", - гуфта мешавад дар хабарнома.

Манбаъ дар идома мегӯяд, тақрибан соати 02.00 дақиқаи 10-уми январи соли 2020, сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсой бо истифода аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд.

Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, тахминан соати 02:30 иғвогарии мазкур қатъ карда шуд.

"Бо вуҷуди ин, тахминан соати 04, аз самти Қирғизистон бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби автомошинаи шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара Икромзода Фарҳод тир холӣ карда шуд. Хушбахтона, тир ба дари автомошина бархӯрда, ба худи ронанда зарари ҷисмонӣ нарасидааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Бино ба гузориши КДАМ, айни замон тирпарронӣ қатъ гардида, вазъият таҳти назорат қарор дорад. Гурӯҳи тафтишотии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон фаъолият бурда истодаанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз муноқишаҳои пай дар ҳам изҳори нигаронӣ кардааст.

"Вақтҳои охир аз тарафи  шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон истифодаи камони  шикорӣ тамоюл ба афзоиш оварда, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Аз ҷумла, 29-уми декабри соли 2019 сокини деҳаи Сомониён Сафарова Т. ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифт".

Дар ин росто, тарафи Тоҷикистон изҳор менамояд, ки дар сурати такрор шудани ҳолатҳои мазкур тамоми масъулият ба дӯши мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0