Қирғизистон фавран сокинони як деҳаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро кӯчонид

© Медербек НиязалиевВ районе села Кок-Таш Баткенского района. Август 2015 года
В районе села Кок-Таш Баткенского района. Август 2015 года  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти қирғиз дар пайи таниши марзӣ бо Тоҷикистон сокинони деҳаи Коктошро муваққатан ба бинои мактаб кӯчониданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Пас аз таниши марзии навбатӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сокинони як деҳа фавран кӯчонида шуданд, хабар додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Ботканди Қрғизистон ба РИА Новости.

"Сокинони деҳаи Коктошро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ба хотири таъмини амният муваққатан аз манзилҳояшон ба бинои мактаб кӯчонидем", - тавзеҳ додааст манбаъ.
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти КДАМ дар бораи тирпарронии шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамчунин сокинони ноҳияи Дахма низ ба макони амн кӯчонида шудаанд.

Ёдрас мешавем, пештар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди ҶҚ, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд,  дар назди хонаи сокини маҳаллӣ Абдулаев Султанбек Исмаилович ва бинои Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод кардаанд.

"Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи "Мерседес бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд", - омадааст дар изҳорот.

КДАМ афзуда, ки дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00:10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг задаанд.

"Намояндагони ШВКД-2 шаҳри Исфара ва ШВКД ноҳияи Бодканд сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шуда, вазъиятро зери назорат гирифтанд", - гуфта мешавад дар хабарнома.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Санади ниҳоӣ имзо шуд: мақомоти Узбакистону Қирғизистон масъалаи марзиро ҳал карданд

Манбаъ дар идома мегӯяд, тақрибан соати 02:00 дақиқаи 10-уми январи соли 2020, сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсой бо истифода аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд.

Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, тахминан соати 02:30 иғвогарии мазкур қатъ карда шуд.

"Бо вуҷуди ин, тахминан соати 04, аз самти Қирғизистон бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби автомошинаи шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара Икромзода Фарҳод тир холӣ карда шуд. Хушбахтона, тир ба дари автомошина бархӯрда, ба худи ронанда зарари ҷисмонӣ нарасидааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.
Бино ба гузориши КДАМ, айни замон тирпарронӣ қатъ гардида, вазъият таҳти назорат қарор дорад. Гурӯҳи тафтишотии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон фаъолият бурда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, изҳороти Қирғизистон дар ин бора комилан фарқ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0