"Хатои инсонӣ": Эрон иқрор шуд, ки ҳавопаймои Украинаро тасодуфан задааст

© AFP / ROUHOLLAH VAHDATIОбломки упавшего в Иране украинского самолета
Обломки упавшего в Иране украинского самолета - Sputnik Тоҷикистон
Эрон дар баёнияе аз хонаводаҳои қурбониёни суқути ҳавопаймои Украина узрхоҳӣ кард ва иқрор шуд, ки ҳавопайморо тасодуфан задааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ҳукумати Эрон иқрор шуд, ки ҳавопаймои ҷониби Украина аз тарафи нерӯҳои ин кишвар тасодуфан зада шудааст.

Крушение украинского самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Суқути ҳавопаймои Украина дар Теҳрон: 180 мусофир ба ҳалокат расид - видео

Дар баёнияе, ки ҷониби Эрон рӯзи шанбе нашр кард, омадааст, ки "дар соатҳои пас аз анҷоми амалиёти мушакии Эрон дар ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои терорристҳои амрикоӣ дар Ироқ, парвозҳои ҷангии онҳо перомуни Эрон афзоиш ёфт ва ҳадафҳои мутададе дар бархе саҳифаҳои родор мушоҳида шуд, ки муҷиби ҳасосияти бештар шуд".

Дар ин росто, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон тасриҳ кард, ки дар чунин шароити ҳасос ва буҳронӣ, парвози шумораи 752 и Украина аз фурудгоҳи имом Хумайнӣ (р), комилан дар ҳолати наздик шаванда ба як маркази низомии Сипоҳи Посдорон, як ҳадафи мутахосим қарор мегирад ва тасодуфан зада мешавад.

Эрон суқути Боинги Украинаро бар асари зарбаи мушакӣ рад кард

Эрон ин ҳодисаро "хатои инсонӣ" унвон кард. 

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ин иттиллоия зимни арзи таслият ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои азодор, узрхоҳӣ карда, итминони комил дод, ки такрори ингуна хаторо нахоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф низ ин амалро дар саҳифааш дар Twitter хатои инсонӣ хонда ба хонаводаҳои қурбониён изҳори таслият кард.

Посухи Теҳрон ба иддаои суқути Boeing 737-800 аз зарби мушакҳо

Самолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
"Сомон Эйр" муваққатан парвозро аз болои Эрон қатъ мекунад

Суқути Boeing-737 дар Эрон

Ёдрас мешавем, субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.

Украина барои қурбониёни суқути Boeing дар Теҳрон мотам эълон кард

Зимнан, 63 нафари ҳалокшудагони ин ҳодисаро шаҳрвандони Канада, 11 нафар аз Украина, 10 шведӣ, 12 тан шаҳрвандони Афғонистон, 3 нафар аз Олмон ва 3 тани дигар аз Британияи Кабир ташкил медиҳанд.

Хурдсолтарин қурбонии ин ҳодисаи даҳшатбор ҳамагӣ як сол доштааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала