ВКД: Набиев боздошт шуд, суханони модараш ягон асос надорад

© ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкФСБ задержали в Москве пособника террористам
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани Набиев Парвиз Холович хабар медиҳад, ки ба муомилоти воситаҳои нашъаовар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputniк. Бино ба гузориши Вазорати умури дохила, шаҳрванд Набиев Парвиз Холович дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, шаҳрванд Набиев Парвиз Холович, соли таваллудаш 06.09.1980, зодаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Сеткина-8, хонаи 17, санаи 30 декабри соли 2019 ҳангоми ба муомилот (фурӯш) баровардани воситаҳои нашъаовари навъи “афюн” ба миқдори 1,2 килограмм дастгир карда шудааст. 

Вазорат мегӯяд, доир ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаи Набиев П.Х. барои паҳн намудани воситаҳои нашъадор ба миқдори калон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 3 банди “г” Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ин ниҳод қайд мекунад, ки шаҳрванд Набиев П.Х. қаблан 3 маротиба барои содир намудани ҷиноят аз ҷумла:

  • Соли 2003 бо моддаи 118 қ.1 (аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Соли 2012 бо моддаи 200 қ.1 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Соли 2014 бо моддаи 200 қ.3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 205 қ.2 (Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати 9 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст.

Манбаъ афзуда, ки суханони модари Набиев П.Х. Бибиҷон Назарова, дар сомонаҳои интернетӣ, ки гӯё писари ӯро кормандони милитсия мавриди шиканҷа қарор дода бошанд, ягон асоси қонунӣ надорад.

Лентаи хабарҳо
0