Се медал: нахустин медалҳои байналмилалии варзишгарони наврас дар соли 2020

Варзишгарони навраси тоҷик дар сабқати байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон сазовори се медал: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд, хабар медиҳад Кумитаи милиии олимпии Тоҷикистон.

Расул Бокиев - Sputnik Тоҷикистон
Табрикоти Соли навии Расул Боқиев ба варзишкорони тоҷик

Дастоварди сол: 355 медали тиллои варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ

Бино бар гузориши ин ниҳод, дар мусобиқа наздик ба 200 нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Русия иштирок намуданд.

Марду бонуи муштзани тоҷик дар Чин медалҳо гирифтанд

"Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд", - омадааст дар хабарнома.

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Дар вазни 63 кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала