Санаи ифтитоҳи Маҷмааи универсалии варзишӣ дар Душанбе маълум шуд - аксҳо

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз — 2020 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ ифтитоҳ мегардад

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Маҷмааи варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  дар кӯчаи Карамови ноҳияи  Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи “Умари Хайём”, байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе

 - Sputnik Тоҷикистон
22 даромадгоҳ ва 900 чароғак: гузориши аксӣ аз боғи "Куруши Кабир" дар Душанбе

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир,  замон корҳои сохтмонии  маҷмааи варзишӣ пурра ба  итмом  расида, васлу насби таҷҳизоти он дар арафаи анҷом қарор дорад.

Марҳамат ба шиноварӣ: Аҳмадзода се шиногоҳи Хуҷандро бозсозӣ кард

 Маҷмааи бузурги универсалии варзишии пойтахт аз  қасрҳои варзишии болопӯшидаву  нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

1/2
Маҷмааи универсалии варзишӣ дар Душанбе
2/2
Маҷмааи универсалии варзишӣ - толори шиноварӣ
1/2
Маҷмааи универсалии варзишӣ дар Душанбе
2/2
Маҷмааи универсалии варзишӣ - толори шиноварӣ

Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда,  ҳар кадоме  аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.

Манбаъ қайд намудааст, ки то имрӯз  барои бунёди ин маҷмааи варзишӣ 850 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Лентаи хабарҳо
0