Пул нест: "Тоҷик Эйр" 200 кормандашро мураххас кард

© © Пресс-служба авиакомпании "Tajik Air"Пресс-секретарь национальной авиакомпании "Таджик Эйр", Азиз Хайруллоев
Пресс-секретарь национальной авиакомпании Таджик Эйр, Азиз Хайруллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксари ашхоси мураххасшуда кормандони идорӣ, технологӣ ва меҳмондорони ҳавопаймо ҳастанд ва халабонони ширкати ҳавопаймоии ТоҷикЭйр барои кор ба дигар ширкатҳо рафтаанд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Манобеи ин ширкат эълом кардаанд иллати мураххас кардани ин теъдоди корманд вазъияти ногувори молӣ аст ва ин ашхос бояд барои тасфияи ҳисоб ба дафтари марказӣ муроҷеа кунанд. Ин дар ҳолест, ки аксари онон таи як соли ахир дар мураххасии бидуни ҳуқуқ ба сар мебурданд.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Гуфта мешавад аксари ашхоси мураххасшуда кормандони идорӣ, технологӣ ва меҳмондорони ҳавопаймо ҳастанд ва халабонони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"  барои кор ба дигар ширкатҳо рафтаанд.

"Тоҷик-Эйр" сар аз 2 сентябр парвозҳо самти Маскавро аз сар мегирад

Мушкилоти ширкати "Тоҷик Эйр" замоне ташдид шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд мавзӯи харидории як ҳавопаймои Боинг-767 гаронтар аз нархи воқеии онро аз сӯи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, рушан шудани моҷарои 3 моҳ пардохт нашудани ҳуқуқи кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳақи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳоро хостор шуда буд. Ширкати "Тоҷик Эйр" ба ҳамин далел таи соли 2019 тамоми парвозҳои худро қатъ кард.

Аз сӯи дигар танҳо ҳавопаймои Боинг-767 мутааллиқ ба ин ширкат акнун барои таъмири асосӣ ба хориҷ фаристдоа шудааст.

Лентаи хабарҳо
0