Путин имзо гузошт: Мишустин сарвазири нави Русия таъин шуд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию
Ежегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармони таъин намудани Михаил Мишустин ба маснади сарвазири ин кишварро имзо кард

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба иттилои котиботи Кремл, раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармони ба курсии сарвазир такя задани Михаил Мишустинро ба имзо расонд.

"Тибқи банди "а" - и моддаи 83 Конститутсияи Федератсияи Русия, Мишустин Михаил Владимирович, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия таъин мегардад", - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ин фармон аз рӯзи ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад.

Номзадии Михаил Мишустинро худи роҳбари давлати Русия Владимир Путин ба Дума пешниҳод намуд.

Кандидат на пост премьер-министра РФ М. Мишустин встретился с парламентскими фракциями - Sputnik Тоҷикистон
Думаи Русия номзадии Мишустинро ба маснади сарвазирӣ тасдиқ кард

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 15 - уми январ Дмитрий Медведев пас аз паёми солонаи Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ истеъфои ҳукумати таҳти роҳбарияшро эълон намуд.

"Ҳукумати Русия дар ҳайати пурра ба истеъфо меравад", -  изҳор намуда буд сарвазири собиқи ин кишвар Дмитрий Медведев.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст ҳукумати Медеведев 7 - уми майи соли 2018 пас аз савгандёдкунии Владимир Путин истеъфо дода буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала