Чигуна Ибодуллоҳ интиҳорӣ шуд? Тире аз Душанбе ба синаи идеологияи Толибон

© © Sputnik / Амир ИсаевАҳмад Фаҳим Куҳдоманӣ, муаллифи китоби "Интиҳорӣ"
Аҳмад Фаҳим Куҳдоманӣ, муаллифи китоби Интиҳорӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз, 17 ноябр, дар толори хурди Академияи ВАО-и Тоҷикистон китоби “Интиҳорӣ” – и Аҳмад Фаҳими Куҳдоманӣ, рӯзноманигори афғонистонӣ рӯнамоӣ шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ин иқдоми муштараки иттиҳодияҳои рӯзноманигорони Тоҷикистону Афғонистон буд, ки бори аввал иттифоқ афтод ва дар маҳфил сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон, кормандони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, коршиносон ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд.

Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Washington Post: аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон беш аз 157 ҳазор нафар кушта шуд

Зинатулло Исмоилов, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, дар расми ифтитоҳи маҳфили рӯнамоӣ гуфт, сарнавишти як ҷавони афғон, ки дар китоби “Интиҳорӣ” – и Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ қисса шудааст, барои ҷомиаҳои дигари минтақа низ омӯзанда аст ва шабеҳи он дар Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дида мешавад.

“Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешгом дар мубориза алайҳи терроризму тундгароӣ ва гуруҳҳоест, ки ин ваҳшату торикиро дар ҷаҳон мепарокананд. Аз ин хотир, боварӣ дорам, ки ошноӣ бо сарнавишти як ҷавони интиҳории афғон барои ҷавонони Тоҷикистон низ суд хоҳад дошт”, - гуфт Зинатулло Исмоилов.

© © Sputnik / Амир Исаев"Интиҳорӣ", китоби Аҳмад Фаҳим Куҳдоманӣ
Чигуна Ибодуллоҳ интиҳорӣ шуд? Тире аз Душанбе ба синаи идеологияи Толибон - Sputnik Тоҷикистон
"Интиҳорӣ", китоби Аҳмад Фаҳим Куҳдоманӣ

“Интиҳорӣ”, қиссаи Ибодуллоҳ ном навҷавони афғон аст, ки дар минтақаи таҳти идораи Толибон зиндагӣ мекунад. Ӯ орзу дошт ҳамон сол мактабро хатм карда, ба донишгоҳ равад. Волидайнаш аз тарси ин ки ӯро Толибон ба зӯр бо худ хоҳанд бурд, Ибодуллоҳро ҳангоми таътили зимистона ба як мадраса мефиристанд. Аммо ин ба зоҳир мадраса, дар асли маркази сарбозгирии Толибон буд. Ӯро аз ин марказ ба Покистон мебаранд ва ӯ таҳти раҳбариву раҳнамоиҳои устоду мураббиёни ифротӣ дарси ифротияту терроризм хонда, дар анҷом омода ба ин мешавад, ки ба Кобул баргардад ва як субҳ худро дар сари роҳ инфиҷор дода, чандин кӯдаки мактабхону зану марди бегуноҳро ба қатл расонад.

Sputnik Тоҷикистон як сӯҳбати мухтасаре бо муаллифи китоб Аҳмад Фаҳими Кӯдоманӣ анҷом дод.

Суол: Паёми Шумо бо ин китоб чист?

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Генерал-лейтенант Муҳаммад Зоҳир ба мақоми сафир дар Тоҷикистон таъин шуд

Кӯҳдоманӣ: Дунё имрӯз ба Афғонистон омада, ки бо ифротияту терроризм биҷангад. Хориҷиҳо артишу пулиси Афғонистонро кӯӯмак карда, бахши ҷангии ин набардро пеш мебаранд. Аммо қарор нест, ки кори ҷабҳаи таблиғотӣ ва фарҳангиро он кишварҳо аз он тарафи обҳо омада, барои мо анҷом диҳанд. Ин мушкили худи мост. Мутаассифона, дар ин бистари иҷтимоие, ки мо зиндагӣ мекунем, гоҳ-гоҳе ифротипарвар мешавад. Дар муқобили андеша ва афроди ифротӣ мо бояд бо таваҷҷӯҳ ба арзишҳои диниву миллӣ ва фарҳангии худ мубориза кунем. Талоши ман ин буд, ки бахшҳои пайдо ва пинҳони барномаи сарбозгирии ифротиҳоро барои мардум фош кунам.

Суол: Оё ин қиссаи воқеӣ аст, ё маҳсули тахайюли худи Шумост?

Военнослужащие афганской армии во время столкновения с талибами*, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷуми Толибон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон: 17 кас кушта шуд

Кӯҳдоманӣ: Падидаи “интиҳорӣ” ё афроди худкушу маргталаб дар Афғонистон таърихи тӯлонӣ надорад. Онро дар садаҳои қабл “Ҷамоати исломӣ” – и Миср асос гузоштааст. Мо дар Афғонистон бар ин боварем, ки аввалин ҳамлаи интиҳорӣ ҳамоно алайҳи Қаҳрамони миллии Афғонистон, Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд анҷом шудааст, он чӣ ки хадамоти амниятии марҳум тасаввур карда наметавонист. Аммо он ду маргталаб афғон набуданд. Устодонашон ҳам. Афғонҳои интиҳорӣ ё маргталабро маҳз ҳаракати Толибон вориди саҳнаҳои ҷанг алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ва ҳукуматии Афғонистон карданд. Банда даҳҳо чунин қиссаҳоро шунидаам, ҳатто аз забони онҳое, ки бахт ба рӯяшон хандид ва аз ин ҷаҳаннами заминӣ фирор карданд. "Интиҳорӣ” як қиссаи баромада аз ин ҳама қиссаҳост.

Суол: Қаҳрамони Шумо дар Афғонистон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтад, дар Покистон таълиму мағзшӯӣ мешавад ва бармегардаду дар Кобул худро инфиҷор медиҳад. Он чӣ шубҳаангез аст, ин аст, ки чаро ӯ муқовим нест, чаро ҳеҷ кӯшиши фирор намекунад?

Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 9 низоми Афғонистон аз дасти Толибон

Кӯҳдоманӣ: Бо камоли таассуф, аксари ин бечораҳо ҳамин гуна таслими гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд ва ҳам гурӯҳҳои ифротӣ тамоми корҳои ношоиставу ғайриинсониро бо онҳо анҷом медиҳанд, то пулҳои фирор ё бозгаштро бишкананд. Онҳо лунгӣ (салла) ва риши баланд доранд, ба зоҳир муллову устоди мадраса, аммо дар асл шайтонҳо дар либосҳои инсон ҳастанд, ки як писарбачаро зеҳният медиҳанд, шустушӯи мағзӣ мекунанд, ки худкуш шавад. Инро Шумо дар китоб бармало мебинед ва ин маҳсули тахайюли банда нест. Ин, ки як афғон дар ватани худ ба дасти ҳамватани худ ба дом меафтаду шароити омода кардани ӯ барои анҷоми амали интиҳорӣ дар Покистон фароҳам шудааст ва аз он сӯ фиристода мешавад, то ватани худро харобу ҳамватани худро ба қатл расонад, як воқеияти хеле талх ва дардовари мо мардуми Афғонистон аст.

Суол: Шумо дар китоб аз вожаи “истишҳодӣ” бештар истифода кардаед, на “интиҳорӣ”. Бархе бар ин назаранд, ки вожаи “истишҳодӣ” ё “шаҳодатталаб” - ро бори аввал Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломӣ “мӯд” сохт ва аз ин роҳ талош кард, то амалиёти интиҳории гуруҳҳои тундравро машрӯъият бахшад. Оё Шумо бо ин ки “истишҳодӣ” – ро “интиҳорӣ”, яъне “маргталаб” ё “худкуш” мехонед, посухе барои Ҳикматёр додаед? Ва ҳам як қаҳрамонатон, ки Ибодуллоҳро ба дом меафтонад, Гулбуддин ном дорад, тасодуфӣ аст?

Афганские силовики прибыли на место где произошел взрыв в мечети 24 мая 2019  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷуми Толибон ба минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба шикасти онҳо анҷомид

Кӯҳдоманӣ: На фақат Ҳикматёр, балки Толибону “Ал-қоида” ҳам вожаи “истишҳодӣ” – ро истифода мекунанд, яъне банда ба ҳамаи онҳо посух додаам, ки кори онҳо на шаҳодатталабӣ, балки маргталабӣ ва худкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият аст. Пас аз нашри китоби “Интиҳорӣ” яке аз афроди наздик ба Ҳикматёр бо ман тамос гирифт ва дақиқан чунин гуфт: “Шумо кай душманиатонро бо мо бас мекунед?” Аммо банда аслан Ҳикматёрро дар назар надоштам. Гулбиддин як номи маъмул аст ва бо истифодаи он ман қасди дигаре надоштам.

Суол: Оё Шумо фикр намекунед, ки “Интиҳорӣ” як тири дигар ба синаи идеологияи Толибон аст ва онҳо аз Шумо интиқом хоҳанд гирифт?

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Трамп бидуни огоҳӣ озими Афғонистон шуд

Кӯҳдоманӣ: Боварӣ ман ин аст: дар дунё кори ман фақат ин нест, ки нон бихӯрам, либос пӯшам ва дар нозу неъмат бигардам. Агар бо кушта шудани банда чеҳраи манҳуси террористонро мардум бишносанд, дигар натавонанд аз миёни наврасону ҷавонон сарбозгирӣ кунанд, онҳо бештар мунзавӣ шаванд, пас кори дуруст мекунам. Мо набояд ҳеҷ гоҳ пеши душмани инсоният ва мардуми худ ба зону бизанем.

Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ соли 1976 дар рустои Корези Мири Кӯҳдомани вилояти Кобули Афғонистон зода шуда, кӯдакиву наврасиашро дар канори волидайн ва саргардониҳо дар Покистону Эрон сипарӣ кардааст. Ӯ хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Тобиши шаҳри Кобул аст. “Интиҳорӣ” аввалин китоби ӯст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала