Ширкати чинӣ дар ноҳияи Айнӣ ба истеҳсоли тилло шурӯъ мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкРоссыпное золото, архивное фото
Россыпное золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи нав иқтидори истеҳсоли 1 тонна тилло дар як солро доро буда, дар марҳилаи аввал 200 ва давоми ду соли наздик, яъне то соли 2022 миқдори ҷойҳои нави кориро ба 600 адад расониданӣ аст.

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Ширкати  чинии "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" соли ҷорӣ дар мавзеи Кумарғи ноҳияи Айнӣ корхонаи нави истеҳсолиро фаъол менамояд. Мавзӯи мазкур зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари ширкати "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" Юан Син Мин баррасӣ гардид.

Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“ТВЕА”-и Чин дар деҳаи Элок мактаб месозад

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, корхонаи нав иқтидори истеҳсоли 1 тонна тилло дар як солро доро буда, дар марҳилаи аввал 200 ва давоми ду соли наздик, яъне то соли 2022 миқдори ҷойҳои нави кориро ба 600 адад расониданӣ аст.

Раиси вилоят иқдоми роҳбарияти ширкатро хуш пазируфта, таъкид кард, ки бунёди корхонаи мазкур метавонад дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии мамлакат таъсири мусбат расонад.

Зикр гардид, ки ширкат дар соли 2019 корҳои нақшакашӣ, санҷишҳои геологӣ ва бунёди инфрасохтори заруриро ба маблағи 30 миллион доллари амрикоӣ дар ин мавзеъ ба роҳ монда, соли равон ният дорад бо анҷоми корҳои сохтмонӣ ба истеҳсолот шурӯъ намояд. Ҳайати кории ширкатро дар маҷмӯъ 600 корманди техникӣ ва сохтмонӣ фаро мегирад, ки аз ин 426 нафарро коргарони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.

Раиси вилоят масъулини соҳаро уҳдадор намуд, ки бо таъсиси комиссияи дахлдор раванди омодагиҳоро барои шурӯи фаъолияти корхонаи нави истеҳсолӣ омӯхта, хулосаҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Тавсия дода шуд, ки баробари ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, ширкат ҳамзамон дар вусъати корҳои ободонии ноҳияи Айнӣ, аз қабили таъмиру азнавсозии роҳҳо ва бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳмгузор бошад.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0