Ҷаласаи Кумита: “даромад, маош ва умри тоҷикистониён зиёд шудаст”

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги в кошельке, архивное фото
Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии солона аз афзоиши даромад, маош ва умри аҳолии кишвар гуфтааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Кумита, соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд.

Эмомали Рахмон на открытии мебельного предприятия в Согде - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи муфассали фармони раисиҷумҳур: маоши кӣ чанд сомонӣ мешавад?

"Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуд ва даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин Кумита зикр кардааст, ки бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Инчунин, таъкид шудааст, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шудаст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала