Меҳрнигори Рустам "хайтер" - ҳоро мушт зад - видео

Овозхони ҷавону шинохтаи эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам "хайтер" - ҳоро мушт зад. Навори муштзании Меҳрнигор дар интернет паҳн шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Меҳрнигори Рустам сарояндаи машҳури тоҷик дар саҳифааш дар Instagram навореро нашр кардааст, ки дар он "хайтер" - ҳоро (бадбинҳо) мушт мезанад.

"Дар руи #хейтерҳо ҳамихел бзани ки дига гапи ганда зада натавонанд. ВИРУСИ бисёр мебинам дар Инстаграми ман чамъ шудаст. Видео суратҳои ман инқадар норохататон мекунад??? Нест шавед аз саҳифаи ман. Саҳифаи ман барои одамҳои бофаҳм ва пешрафта мебошад", - навиштааст Меҳрнигор.

Меҳрнигори Рустам аз кӣ гурезон аст?: нашри суруди нав - видео

Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрнигори Рустам бо Доналд Трамп "салом" накард - видео

Ёдрас мешавем, ки ҳамин масъаларо овозхони дигар Фирӯза Ҳафизова низ чанде пеш матраҳ карда буд. Вале ӯ дар мавзӯъи бадбинӣ ҳатто суруд ва намоҳанг таҳти унвони "Фу мегум фу" нашр кард.

Ин суруди Фирӯза дар шабакаҳои интернетӣ баҳси гармеро барангехт. Баъзеҳо овозхонро дар ҳунарнамоии сатҳи паст ва интихоби нодурусти мавзӯъю пастмафҳум гунаҳкор карда буданд.

Худи Фирӯза дар ин сурудаш аз шеваи бархӯрди мардум ба ҳаёти шахсӣ ва ҳунарии худ нигаронӣ мекунад, ва изҳор медорад, ки дар қиболи ӯ ҳар гуна гапҳо носазо гуфта мешавад.

"Гоҳе маро маст мебароранду гоҳе девона, гӯё ман бахил ҳастаму дуруғгӯ. Охир шумо ба ман чӣ кор доред", - бо шиква мегӯяд Фирӯза дар суруди ҷадидаш.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала