Раисҷумҳур маҷлиси васеи Ҳукуматро доир кард

Обуна шудан
Др маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, ва дигар шахсони масъул иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.  Имрӯз,20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Гуфта мешавад, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда шуд.

"Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳои раисҷумҳур, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар маҷлис сараввал раисҷумҳур дар бораи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2019 гуфта, сипас масъулин дар назди Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.

Лентаи хабарҳо
0