Таъхири 12-соатии парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Петербург ба Душанбе

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ҚирғизистонИстиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози ҳавопаймои хатсайри SZ 204 Санкт-Петербург-Душанбе, ки бояд имрӯз соати 0:05 сурат мегирифт, дувоздаҳ соат мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Парвози ҳавопаймои хатсайри Петербург-Душанбе барои 12 соат ба таъхир афтод.

Ин хабар дар таблои маълумотдиҳии фурудгоҳи "Пулково" нашр шудааст.

Пассажирский терминал в аэропорту Домодедово, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Авбошии сарнишини тоҷик боиси таъхири парвози ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб гардид

Парвози ҳавопаймои хатсайри SZ 204 аз рӯи ҷадвал, бояд рӯзи 20 январ соати 0:05 сурат мегирифт, вале парвози он 12 соат ба таъхир афтод.

Ҳамин тавр парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" бо дарназардошти таъхир соати 12:00 бо вақти маҳаллӣ, анҷом дода мешавад.

Сабаби аслии ба таъхир афтодани парвоз гуфта нашудааст.

Киштии ҳавоӣ ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тааллуқ дорад.

Таъхири 7-соатии парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе

Ёдрас мешавем, ки рӯзе пеш низ бо ҳавопаймо ширкати "Сомон Эйр" дар хатсайри Екатеринбург-Душанбе чунин ҳодиса рух дода буд.

Парвози ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург-Душанбе барои 7 соат мавқуф гузошта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0