100 фоиз: қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз Рустами Эмомалӣ

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе назди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи як соли фаъолияти худ ҳисобот дод

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе рӯзи 20 – уми январ дар ҷараёни маҷлиси васеи Ҳукумат дар назди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохти як соли фаъолияти худ ҳисобот дод.

Супориши Рустами Эмомалӣ бораи назорати ҳаракати мошинҳои боркаш дар Душанбе

Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдори Душанбе зимни гузориш додан таъкид намудаст, ки буҷети шаҳр дар соли 2019, 100 фисад иҷро гардидаст.

"Даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103 дарсад иҷро гардидааст, ки ба буҷет 1,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шудаст", - афзудааст Рустами Эмомалӣ.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи раиси пойтахт, дар се соли охир ба иқтисодиёти шаҳр 850 миллион доллар сармоя ҷалб гардидааст, ки 180 миллиони он ба соли 2019 рост меояд.

Рустами Эмомалӣ аз ба истифода додани 62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар як соли гузашта таъкид намуда, афзудааст, ки беш аз 800 ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Се соли раисии Рустам дар Душанбе: таърифи Президент ва суҳбат аз нақшаҳои оянда

Ҳамчунин, соли гузашта 38 километр хатҳои гармигузар ба маблағи 62 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд, изҳор намудаст Рустами Эмомалӣ.

Зимнан, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои рушди кулли соҳаҳои пойтахти мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дастуру супоришҳои нав дод.

Шаҳрдор аз афзоиши соҳибкору корхонаҳо ва тавлидот ҳисобот дод

Эмомалӣ Раҳмон хусусан ба бунёди маҷмааи "Истиқлолият ва озодӣ" таъкид кард, ки дар арафаи 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Лентаи хабарҳо
0