Рақибони тими футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи Тайланд муайян шуданд

© сомонаи ФФТТими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар асоси қуръакашии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Кувайт (3 феврал) ва Эрон (4 феврал) бозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳарифони тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "SAT International Futsal Championship 2020", ки аз 2 то 8 феврал дар Тайланд баргузор мешавад, муайян шуданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Сборная Таджикистана по футзалу проиграла Турции в первом товарищеском матче - Sputnik Тоҷикистон
Сармурабии мунтахаби футзали Тоҷикистон нав мешавад

Дар асоси қуръакашии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо дастаҳои Кувайт (3 феврал) ва Эрон (4 феврал) бозӣ мекунад. Гурӯҳи "А" аз дастаҳои Тайланд, Туркманистон ва Малайзия таркиб ёфтааст.
Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ дудастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба нимфинал роҳ меёбанд. Сипас, бозии финалӣ ва бозӣ барои ҷои сеюм доир мегардад.

Нахустин мусобиқаи футзал дар Душанбе баргузор мегардад

Мусобиқа як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 26 феврал то 8 март дар Ашқобод баргузор мешавад.

Дар Қаҳрамонии Осиё оид ба футзал тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо мунтахабҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон вомехӯрад.

Тими футзали Тоҷикистон бо Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад

Зимнан, 5 дастае беҳтарини  Осиё ба Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал роҳхат мегиранд, ки аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0