Нафиса Имронова тарроҳи тоҷик дар Париж мукофоти ЮНЕСКО гирифт - акс

Обуна шудан
Тарроҳи тоҷик Нафиса Имранова дар намоишгоҳи мӯди Oriental Fashion Paris -2020 дар Париж ширкат намуда, соҳиби мукофоти ЮНЕСКО гардид

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар бинои ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи намоишгоҳи мӯди байналмилалӣ Oriental Fashion Show Paris-2020 маросими супоридани ҷоиза ба тарроҳон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ тарроҳи маъруфи тоҷик Нафиса Имронова муаррифӣ мекард.

Публикация от 𝒩𝒶𝒻𝒾𝓈𝒶 𝐼𝓂𝓇𝒶𝓃𝑜𝓋𝒶 (@nafisa_imranova_)

"Салом Тоҷикистони маҳбубам. Ман барои Шумо хабари бисёр хушоянд дорам. Бастаи либосҳое, ки дар намоишгоҳи мӯди Париж муаррифӣ намудем, соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО гардид", - изҳор намудаст Нафиса дар сафҳаи Instagram - и худ.
Гузашта аз ин, ба гирифтани мукофоти ЮНЕСКО як намояндаи дигари Тоҷикистон, асосгузори Ҳафтаи мӯд Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов низ сазовор дониста шуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Момент, когда ты понимаешь все, что ты делал не зря. Когда ты чувствуешь свои сильные и слабые стороны - момент, когда ты на другом уровне. Я скажу так, то что мы сделали историю и это был фурор на Oriental fashion Show Paris в CAROUSEL DU LOUVER и также поделюсь с вами, нас пригласили в UNSCO, а для чего мы узнаем там и поделимся с вами позже. 💜💜💜💜💜💜💜 Теперь с гордостью мы можем сказать, что дорога для таджикских дизайнеров открыта, наш дизайн хотят узнавать, изучать и приобретать. Я мечтала об этом дне и многие мои друзья близкие родные знают, как мне это тяжело далось. Выходя на подиум, я поняла наколько круто, когда ты добиваешься своих целей. Спасибо всем за поддержку. Люблю вас, ваша Нафиса Имранова. 💜💜💜💜💜💜💜💜 Мечтайте это прекрасно. @zhiwj @tfw.official @ibragimov.t.z @marilynjosefsson @megafontj @accelerate.tj

Публикация от 𝒩𝒶𝒻𝒾𝓈𝒶 𝐼𝓂𝓇𝒶𝓃𝑜𝓋𝒶 (@nafisa_imranova_)

Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии мӯд Oriental Fashion Show Paris-2020, рӯзҳои 19 - 20 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Париж баргузор гардид.
Дар намоишгоҳи мазкур дасти кам 35 тарроҳ аз кишварҳои Аврупо ва Осиё ширкат намуда, наздики 10 либос - дастранҷи худро ба намоиш мегузоштанд.
Лентаи хабарҳо
0