Қарори нави Рустам Эмомалӣ: баргузории озмуни "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг" дар Душанбе

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қарори раиси шаҳр, барои муайян кардани ғолибони озмун ҳайати комиссияи шаҳрӣ тасдиқ мегардад. Муовини раиси шаҳи Душанбе иҷрои қарорро назорат хоҳад бурд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Душанбе мувофиқи қарори нави Рустам Эмомалӣ "Озмуни ҳунарҳои ороишӣ аз санг" баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдор гузориш медиҳад.

Тибқи банди аввали қарори мазкур, барои баргузории чорабинӣ ҳайати комиссияи шаҳри тасдиқ карда мешавад, ки ғолибони озмунро муайян хоҳанд кард.

"Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” тибқи низомномаи он тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд",-гуфта мешавад дар қарори раиси шаҳр.
Фестиваль еды в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбасти озмун дар шаҳри Бохтар: даъвати мақомот аз сокинону меҳмонон барои иштирок

 Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии "Телевизиони Душанбе" ва рӯзномаи "Паёми Душанбе" вазифадор шудаанд, ки инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

Пештар хабар дода шуд, ки даҳаи сеюми моҳи январ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории озмун, мусоидат дар рушди ҳунари сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи ҳунармандон мебошад.

Даври якуми озмун дар шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар маркази вилоят доир гардида, ба ғолибон мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ тақдим мегардад.

Лентаи хабарҳо
0