Барканорию таъиноти Раҳмонзода тасдиқ нашуд: дигаронро гуселу муаррифӣ мекунад

© Фотохост ШОС / Гузаштан ба хазинаи аксАбдуджаббор Рахмонов. Архивное фото
Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории Абдуҷаббор Раҳмонзода аз мақоми ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар тағйироти кадрии рӯзи 24 январ расман то ҳол тасдиқ нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳафтаи равон қабл аз нашри фармону қарорҳои расмӣ, расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки дар баробари таъиноти дигар, Абдуҷаббор Раҳмонзода низ аз мақоми ёвари раисиҷумҳур барканор шуда, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Таъини вазирони нави фарҳанг, иқтисод, маориф, ёрдамчии Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион

Ахбори манобеъ дар бораи тағйироти кадрии рӯзи 24 январро котиботи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри санадҳо тасдиқ кард, аммо дар бораи барканорию таъиноти Абдуҷаббор Раҳмонзода амру қароре нашр нашуд.  

Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамоно ба ҳайси ёвари раисиҷумҳур дар маросими гусели кадрҳои барканоршуда ва мақомдорони навтаъиншудаи рӯзи 24 январ иштирок дошт. Ӯ аз ҷумла дар маросими гусели Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки 24 январ бо фармони раисиҷумҳур ба нафақа фиристода шуд, иштирок намуда, Давлатзода Зулфия Давлат, вазири нави фарҳанги кишварро муаррифӣ намуд.

Кӣ куҷо рафт? рӯйхати 15 генерал, полковник ва майори навтаъин дар ВУД

Дар ҳамин ҳол феълан курсии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бузургтарин муассисаи таълимии олӣ дар кишвар ба шумор меравад, холӣ мебошад. Муҳаммадюсуф Имомзода, ки то 24 январ ректори ДМТ буд, бо фармони раисиҷумҳур мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистонро гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала