“Комилан махфӣ”: гуруҳи сеюми дахил дар ҳамлаи “Ишқобод”

© МВД Республики ТаджикистанКадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди боздоштшудаҳо дар пайи ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ба ҳудуди 20 нафар расидааст. Қаблан гуфта мешуд, ки 5 нафар боздошт шудаанд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон гуфт, парвандаи ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар ҳоли тафтиш аст. Вай афзуд, таври маълум, қисме аз террористон дар ҷои ҳодиса несту нобуд ва қисми дигаре ҳам боздошт шуданд.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъйид: боздошти 113 нафар бо гумони узвият дар "Бародарони мусулмон"

“Ҳамчунин як қисми дигаре, ки дар ин амали террористӣ ҳузур надоштанд, аммо бо ҳар роҳу восита дар ин ҳамла даст доштанд, дар ин муддат ошкор шуданд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда истодаанд. Рӯзҳои наздик ин парвандаи ҷиноӣ бо фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда мешавад”, - гуфт прокурори генералӣ.

Юсуф Раҳмон афзуд, теъдоди боздоштшудаҳое, ки бо иттиҳоми ҳамлаи мусаллаҳонаи шаби 6-уми ноябри соли гузашта ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” ба ҳудуди 20 нафар расидааст ва эҳтимоли ошкор шудани ҳамдастони дигари террористон низ баъид нест.

Дар оғоз мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи ниқобпӯши 20 - нафара ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ду тан аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд. Баъдтар манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд.

Расман эълон шуда буд, ки 5 нафар аз ҷумлаи муҳоҷимон боздошт шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи “Ишқобод” – ро “ДОИШ” бо интишори баёнияе дар сомонаи ин гуруҳи террористӣ мавсум ба “Аъмоқ” масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта, аз куштани 10 низомии тоҷик хабар дода буд.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Мисриҳо?”: боздошти ду хориҷӣ бо иттиҳоми узвият дар "Ихвон-ул-муслимин"

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Раҳмон бо таъкиди ин ки ин парванда муҳри “комилан махфӣ” дорад, ҳатто ҳамчун прокурори генералӣ наметавонад ба тафсилоти бештар аз ин пардозад.

“Вақте парванда ба суд рафт, пас аз эълони ҳукм аз ҷузъиёти бештар огоҳ хоҳед шуд”, - гуфт ӯ.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0