Супориши Президент дар маҷлис: Рустам Эмомалӣ бо ҷойи сохтмони мӯҳташамтарин боғ рафт

Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе аз корҳои бунёди боғи "Истиқлолият" дидан кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти маҷлиси васеи Ҳукумат дар бобати ин боғ ба Рустам Эмомалӣ супоришҳои мушаххас дода буд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар сохтмони Боғи "Истиқлолият" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ"-и пойтахт шинос шуд, гузориш медиҳад вебгоҳи раиси шаҳр.

"Боғи мазкур муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт бунёд мегардад", - қайд мекунад манбаъ.
Рустами Эмомали ознакомился с новыми зданиями и комплексами Ташкента - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ аз Humo Arena ва боғи "Наврӯз" - и Тошканд боздид кард - акс

Бино бар иттилои вебгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумат, 20-уми январ ба Рустам Эмомалӣ бобати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати аъло ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии Боғи "Истиқлолият" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ" дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Масоҳати умумии Боғи "Истиқлолият" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ" дар пойтахт 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (паси "Кохи Ваҳдат" меҳмонхонаи "Авесто" ва Донишгоҳи омӯзгорӣ) воқеъ мебошад.

 Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ  ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои вобаста ба бунёди он, аз ҷумла иншооти бартарафшавандаи атрофи маҷмаа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф намуд, ки иҷрои корҳои сохтимониро дар вақти муқарраргардида таъмин намоянд.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ: баргузории озмуни "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг" дар Душанбе

Дар маҷмааи "Истиқлолият ва Озодӣ" майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад.

Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиву намоишҳои театришуда пешбинӣ шудааст.

© Сайт мэрии города ДушанбеСегодня мэр Душанбе Рустам Эмомали ознакомился с ходом строительных работ в парке "Независимость"
Супориши Президент дар маҷлис: Рустам Эмомалӣ бо ҷойи сохтмони мӯҳташамтарин боғ рафт - Sputnik Тоҷикистон
Сегодня мэр Душанбе Рустам Эмомали ознакомился с ходом строительных работ в парке "Независимость"

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлолият ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани истиқлолиятро ифода менамояд.

Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешсабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намудани гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Боғи "Истиқлолият" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ" дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0