Арзиши гаронтарин чипта ба муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон маълум шуд

© Twitter UFCТони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов
Тони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чиптаҳо шурӯъ аз 31 январ ба фурӯш мебароянд ва барои узви Fight Club Membership арзонтар, ҳудуди 92-долларӣ фурӯхта мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Гаронарзиштарин чипта ба муҳорибаи қаҳрамонии UFC Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тони Фергюсон 11 ҳазору 157 долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Бой Макгрегор - Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб Нурмуҳаммедов дигар Конор Макгрегорро рақиби худ намедонад

Чиптаҳо шурӯъ аз 31 январ ба фурӯш мебароянд ва арзиши онҳо аз 159 то 11 ҳозору 157 доллар хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, узви клуби Fight Club Membership онро арзонтар ба 92-долларӣ метавонанд харидорӣ кунанд.

Ёдрас мешавем, муҳориба байни Ҳабиб ва Тони 18 апрел дар майдони Вarclays Center дар Ню-Йорк баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ташкилотчиёни UFC пештар борҳо кӯшиши баргузор намудани муҳорибаи ин ду варзишкорро карда буданд. Аммо муҳориба бо далели ҷароҳат бардоштани ё Ҳабиб, ё Тони лағв мешуд.

Бояд қайд кард, ки Фергюсон низ яке аз ситораҳои муҳорибаҳои омехта буда, дар 25 сабқат 3 бор шикаст хӯрдаасту халос. Ҳабиб 31 сол дорад ва дорандаи камарбанди UFC мебошад. Дар 28 муҳориба боре мағлуб нагашааст.

Аммо Тони пештар бо изҳори боварӣ гуфта буд, ки бо истифода аз тактикаи махсус Ҳабибро шикаст медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0