Бо далели номаълум: Туркманистон то ҳол ба фураҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад

© МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода тавзеҳ дод, ки чигуна боркашонҳои Тоҷикистон мушкилии пешовардаи Туркманистонро паси сар мекунад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Туркманистон то ҳол тариқи марзаш ба фураҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад, хабар додааст вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар рафти нишасти матбуотӣ.

"Вақте мо ин масъаларо дар назди ҳамтоёни туркманамон мегузорем, онҳо таъкид мекунанд, ки сабабашро намедонанд", - гуфтааст Худоёрзода.
На овощебазе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Туркманистон дар бораи молиёт

Вазири нақлиёт тавзеҳ додааст, ки фураҳои дар Туркманистон дармонда, хориҷианду танҳо ба Тоҷикистон коло интиқол медиҳанд.

Худоёрзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон барои баромадан ба Шарқи Наздик аз роҳҳои алтернативӣ истифода мебарад. Аз ҷумла, фураҳо ба воситаи Узбакистон, Қазоқистонн, Озарбойҷон колоҳоро ба манзил мерасонанд.

Вай таъкид кард, агар фураҳо ба воситаи Туркманистон нагузаранд, роҳ то Эрон  1000 километр дуртар ва баръакс то Туркия 434 километр наздиктар мешавад.

Ёдрас мешавем, Туркманистон сар аз аввалҳои моҳи феврали соли 2019 ба боркашонҳои тоҷик иҷозат намедиҳад, ки марзашро убур кунанд.

Лентаи хабарҳо
0