Ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар рафъи ҳолатҳои фавқулода тавсеа меёбад

© КЧС ТаджикистанаГорноспасатели КЧС спасли четырёх шахтёров из 270 метровой глубины
Горноспасатели КЧС спасли четырёх шахтёров из 270 метровой глубины - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориро доир ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тавсеа мебахшанд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба тасвиб расид.

Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазир аз бунёди роҳи оҳан ва пули нав байни Тоҷикистону Афғонистон гуфт

Тавре дафтари матбуоти хабаргузории АМИТ “Ховар” дар истинод ба парлумони Тоҷикистон хабар додааст, созишнома бо мақсади таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни ду давлати ҳамҷавор, ҳамкорӣ  оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода,  ки метавонад  ба  осудаҳолӣ ва амнияти миллии тарафҳо мусоидат намояд, ба имзо расидааст.

Тибқи муқаррароти моддаҳои 7-11-и Созишнома  навъҳои кумак ва шартҳои убури сарҳади давлатӣ  аз  ҷониби гурӯҳҳои кумакрасон, аз ҷумла воридот, содироти таҷҳизот ва маводи таъминотӣ барои расонидани кумак ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулода, истифодаи ҳавопаймо ва пардохти хароҷот амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон вакилони Маҷлиси намояндагон созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ”, Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе ва БАТР оид ба лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ”-ро ба тасвиб расониданд, ки ҳадафашон  барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0