Навори ахирон мусоҳибаи кӯҳансолтарин шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова

Обуна шудан
Фотима Мирзоқулова, кӯҳансолтарин шаҳрванди Тоҷикистон дар сини 127-солагӣ даргузашт. Sputnik Тоҷикистон навореро пайдо намуд, ки дар он охирон мусоҳибаи бонуи пиронсол намоиш дода мешавад

Соли 2017 дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори мусоҳиба бо зани 124-сола, Фотима Мирзоқулова нашр шуд, ки охирон мусоҳибаи зан ба ҳисоб меравад. Дар он аз ҳаёти бону кӯҳансоли тоҷик маълумот дода мешавад.

Тавре дар навор дида мешавад, Мирзоқулова дар хонаи духтари дувумаш зиндагонӣ мекард. Яке аз духтарони зан, ки худ 78 сол доштааст, нақл мекунад, ки модараш соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт таваллуд шуда, тамоми умрашро дар деҳаи Даҳана сипарӣ кардааст.

Ба гуфтаи духтари зан, модари ӯ боре ҳам бемор нашудаву доим меҳнат мекардааст.

"Ман нисбат ба модарам бештар бемор мешавам ва аз камхобӣ азият мекашам", - мегӯяд вай дар навор.

Худи Фотима Мирзоқулова давраҳои ҷавониашро ба ёд оварда мегӯяд, ки дар кандани канали калони Фарғона иштирок кардааст.

Мирзоқулова давраҳои ҶБВ-ро ба ёд оварда, ҳатто дар бораи Тӯйчӣ Эрҷигитов, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокдори ҷанг нақл мекунад.

Бояд қайд кард, ки феълан яке аз духтарони бонуи кӯҳансол 90 сол дорад. Ба гуфтаи духтари дувумаш, ӯ соҳиби 56 набера ва 160 абера аст.

Дар охири навор Фотима Мирзоқулова дар ҳаққи пайвандону наздикон ва тамоми мардуми Тоҷикистон дуои нек мекунад.

Ёдрас мешавем, Фотима Мирзуқолава, ки 127 сол умр дид, на танҳо кӯҳансолтарин фарди Тоҷикистон, балки ба иттилои бархе аз расонаҳо, дрозумртарин фарди дунё мебошад.

Лентаи хабарҳо
0