Раиси нави ноҳияи Ҷаббор Расулов кист?

© акс аз сомонаи ҳукумати СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми муаррифии раиси нави ноҳияи Ҷаббор Расулов
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми муаррифии раиси нави ноҳияи Ҷаббор Расулов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияро муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Аҳмадзода зикр кард, ки Комил Салимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов озод гардида, Қудратзода Тоҳир Толибӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.

Муаррифии раиси нави шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим  - Sputnik Тоҷикистон
Муаррифии раиси нав: иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара кист?

Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, Қудратзода Тоҳир Толибӣ соли 1979 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, баъд аз хатми донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Манбаъ афзуд, Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамараш ба Комил Салимзода изҳори сипос намуда, ба Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно кард.

Раиси вилоят ҳамзамон вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлил намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, густариши корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ба роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳо дод.

Лентаи хабарҳо
0