Интиқоди раисҷумҳур аз расонаҳо: чаро аз муваффақиятҳои иқтисодӣ кам менависед?

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПрезидент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Туркманистон бо интиқод аз фаъолияти расонаҳои ин кишвар дастур дод, муваффақиятҳои иқтисодии ин кишварро пӯшиш диҳанд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасте дар Ишқобод таҳти пӯшиш қарордодани муваффақияти барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварашро вазифаи аслии расонаҳо бавижа радио ва телевизиони Туркманистон донист, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Гурбангулы Бердымухамедов провел новогодний праздник в роли диджея - Sputnik Тоҷикистон
Рақси ҳукуматдорони Туркманистон зери навои мусиқии Бердимуҳаммедов - навор

Раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, барномаҳои радио ва телевизиони ин кишвар воқеаҳо ва дастовардҳои Туркманистонро дар солҳои ахир нокофӣ ва номуназам пӯшиш медиҳад.

Бердимуҳаммадов дар ин нишаст Гуванч Байрам Дурдиев, мудири шабакаи фарҳанги мероси кишварашро ба хотири нотавонӣ дар анҷоми вазоиф барканор ва баҷои вай хонум Гулнора Чориеваро мансуб кард.

Раисиҷумҳури Туркманистон ба мудири ҷадиди шабакаи телевизиони фарҳангии мероси ин кишвар дастур дод, тарбияти фарзандон ва низ муаррифии арзишҳои маънавии мардуми Туркманистон ҷузъи усули зарурӣ ва мавриди таваҷҷуҳи ин шабака бошад.

Изҳороти раисиҷумҳури Туркманистон дар ҳолест, ки ин кишвар бино ба эъломи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳамвора дар солҳои ахир бадтарин кишвари ҷаҳон аз лиҳози озодии баён ва матбуот муаррифӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0